Коммунистҳо 6 номзади худро ба вакили парлумон пешниҳод карданд
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) 6 аъзои худро ҳамчун номзад ба интихоботи парлумонӣ пешниҳод кард. Анҷумани XXXVII ғайринавбатии ин ҳизб 4-уми январ баргузор шуд.
Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар анҷуман масъалаҳои иштироки ҲКТ дар интихоби навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, барномаи пешазинтихоботӣ, пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ташкили ситоди интихоботии ҳизб баррасӣ гардид.
Аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон номзадҳои зерин ба вакилии парлумон пешниҳод шудаанд:
— Меҳроҷ Абдуллоев, раиси ҲКТ;
— Инъомҷон Подшоев, котиби дуюми Кумитаи ҲКТ дар вилояти Суғд;
— Зарагул Мирасанова, котиби дуюми Кумитаи марказии ҲКТ;
— Отахон Ҳасанов котиби якуми Кумитаи ҲКТ дар шаҳри Душанбе;
— Абдуҷаббор Умарзода вакили парлумон;
— Ҳикматулло Ҳамидов, раиси ҲКТ дар минтақаи Кӯлоб.
Айни замон ҲКТ дар парлумон соҳиби ду курсӣ аст: Меҳроҷ Абдуллоев, раиси ҳозираи ҳизб ва аъзои ҳизб Абдуҷаббор Умарзода. Меҳроҷ Абдуллоев 76-сола буда, аз соли 2017 раиси ҳизб ва аз соли 2020 вакили парлумон аст.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2-юми марти соли 2025 баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ