Комроншоҳ чемпион ё Саидҷалол?
Ба чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни калонсолон, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Венгрия – шаҳри Будапешт баргузор мешавад, 10 паҳлавони номии Тоҷикистон низ сафарбар карда мешаванд.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар дастаи Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз паҳлавонон Комроншоҳ Устопириён, Суҳроб Боқиев, Хушқадам Хусравов, Беҳрӯз Хоҷазода, Саидмухтор Расулов, Садр Боев, Саидҷалол Саидов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Хуршед Маҷидов намояндагӣ мекунанд. Чемпионат аз 86 кишвар 450 варзишгарро ба майдон хондааст.
Хазинаи ҷоизавии чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо қариб 1 млн доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Аз ин 798 ҳазор доллар барои ғолибон ва ҷоизадорони инфиродӣ ва 200 ҳазор доллар барои дастаҳо пешбинӣ гардидааст.
Медалгирифтагони чемпионати Будапешт метавонанд ҳисоби рейтингии худро пур намоянд. Медалҳои тилло барои ғолиб 2000, нуқра 1400 ва биринҷӣ 1000 хол меоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ