Фотон чаппа шуду ду кас фавтид

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ноҳияи Варзоб хабар доданд, ки соати 4:30-и 22-юми август дар ноҳияи Варзоб рух додааст.

Тибқи иттилои ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи “ФОТОН”, Бердизода Парвизи Бобомурод, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии баландиаш 300 метр чаппа шудааст: “Дар натиҷа худи ронанда, Бердизода ва мусофираш, Одинаев Парвиз Сангалиевич соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Манбаъ афзуд, ки мусофири дигари автомашина Акбари Турсунмурод, соли таваллудаш 1991, сокини Ҳисор, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *