Комроншоҳ — дар сегонаи беҳтаринҳои ҷаҳон

Паҳлавони маъруф Комроншоҳи  Устопириён, пас аз пирӯзии бузург дар чемпионати Осиё, ки 26-28 май дар Ҳонконг доир шуд, ба ҷумлаи сегонаи беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон шомил карда шуд.

Пас аз анҷоми чемпионати мазкур Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар феҳристаш ин паҳлавони тоҷикро ба сегонаи беҳтарин ҷудочиёни ҷаҳон дар вазни то 90 кг ворид намудаст.

Комроншоӣ Устопириён дар ҷойгоҳи сеюми феҳристи ФБҶ бо  2160 хол мавқеъ гирифтаст. Ба феҳрист беш аз 300 ҷудочиёни дунё номнавиш гаштаанд.

Ҷойи аввалро дар феҳристиҷаҳони ФБҶ дар вазни то 90 кг ҷудчии Сербия Александр Куколджи  бо 2580 хол ишғол кардааст.  Дар зинаи дуюм фаронсавӣ Аксел Клегерти (2400 хол) қарор дорад.

Комроншоҳ 27 май сазовори ба гардан овехтани медали тиллои чемпионати Осиё гардида, чемпиони дукаратаи Осиё эътироф шуд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *