Бохти мунтахаби ҷавонон дар Сочи

То 2 июни соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон  баҳри дарёфти Ҷоми   Конфедератсияи Русия иҷараён дорад. Мусобиқаи мазкур, ки дар варзишгоҳи «Юность»-и шаҳри Сочи давом дорад, мунтахабҳои кишварҳои Тоҷикистон, Арманистон, кишвари Краснодар ва Қазоқистонро фаро гирифтааст.

Ба иттилои ФФТ асоси дастаи Тоҷикистонро футболбозони дастаи лигаи якум «Локомотив-Помир» (Душанбе) ташкил медиҳанд. Мутаассифона, онҳо дар бозии аввалин аз ҳамсолони арманиашон бо ҳисоби 3:1 дучори бохт гаштанд.

Имрӯз мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи кишвари Краснодар бахти варзишӣ меҷӯяд. Ба ҷавонони хамватан барор мехоҳем!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *