Конфронси «Об — ҳамчун омили рушд» дар ДСХ
Имрӯз, 28 декабр дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Конфронси илмӣ-амалӣ, таҳти унвони «Об-ҳамчун омили рушд» доир гардид.
Дар кори конфронс муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Рӯзизода Акрам Ҳамроқул, коршиноси масоили экологӣ Асоев Ҳасан иштирок ва суханронӣ карданд.
Конфронсро ректори донишкада, профессор Қодирзода Диловар Баҳридин ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрўз бо ташаббусҳои наҷибона ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ватани азизи мо Тоҷикистон ба майдони мубоҳисаҳои сатҳи ҷаҳонӣ оид ба рушди ҳазорсола мубаддал гардидааст. Пешниҳодҳои Сарвари давлати тоҷикон дар мавриди истифодаи оқилонаю мақсадноки сарватҳои табиат, пешгирии хатарҳои экологии сатҳи ҷаҳонӣ дар миқёси байналмилалӣ ҳамовозии ҳамаҷониба ёфта истодаанд.
Дар радифи пешниҳодҳои қаблӣ дар мавриди истифодаи оқилонаю мақсадноки захираҳои обӣ, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта гардида, мавриди амал қарор гирифтанд, боз як ташаббуси наҷибонаи Сарвари давлат-эълон доштани «Даҳсолаи об барои рушди устувор» дар Маҷмаи умумии Созмони миллали муттаҳид санаи 21 декабри соли равон тариқи қабули Қатънома қабул гардид. Номбурда ёдрас шуд, ки дастгирӣ ёфтани ин ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи созмони бонуфузтари ҷаҳонӣ-СММ боиси ифтихору шарафмандии мо тоҷикистониён мебошад.
Дар идомаи ҷаласа муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Рӯзизода Акрам Ҳамроқул сухан карда, қайд намуд, ки кишвари мо тайи 15 соли охир ташаббускори бисёре аз қатъномаҳои «обӣ»-и Маҷмаи кулли СММ мебошад. Бояд ёдовар шавам, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ чунин қатъномаҳои муҳимро қабул кард:
- эълон намудани соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза;
- эълон намудани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»;
- эълон намудани соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ғайра.
Дарвоқеъ, амал ва ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, кӯшиши ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли масъалаҳои об ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи об арзёбӣ мешавад.
Ҳасан Асоев, коршиноси масоили экологӣ дар суханрониаш иброз намуд, ки аввалин чорабинии байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадаф ва вазифаҳои рушди устувор доир ба об маҳз дар Тоҷикистон баргузор гардид. Номбурда ќайд намуд, ки имрӯз наздики 2,5 млрд сокинони сайёра аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Бо дарки ин маънӣ ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани «Даҳсолаи об барои рушди устувор» дар Маҷмаи умумии 71-уми Созмони миллали муттаҳид таҳти як қатънома бо ҷонибдории 193 давлати ҷаҳон қабул гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ