Конор Макгрегор бармегардад
Собиқ чемпиони UFC дар ду вазн Конор Макгрегор, ки аз моҳи июли соли 2021 инҷониб рақобат накардааст, доир ба бозгашташ ба майдони набард хабар дод.
— Маро аз пул кардан наздики се сол маҳрум карданд. Акнун мехоҳам баргардам ва ҳар нафареро, ки ташкилот пешниҳод мекунад, розиям, ки бо ӯ ба майдон бароям. Аслан, ман мехоҳам моҳи апрел ё барвақттар ба майдон оям, вале бояд ҳақиқатро гӯем, зеро хуб омода шуданам лозим аст, — гуфтааст Конор дар як суҳбати ихтисосиаш.
Дар идома варзишгари ирландӣ ишора мекунад, ки бо эҳтимоли зиёд ташкилоти UFC рақобати ӯро бо Майкл Чендлер ташкил мекунанд, зеро имсол хабарҳо дар ин бобат хеле зиёд нашр шуда буданд.
Ёдовар мешавем, ки Конор Макгрегор то ҳол 28 маротиба ба майдон баромада, дар 22-тои он ғалаба кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ