Кореяи Ҷанубӣ як ҳафта мотам эълон кард
Иҷрокунандаи вазифаи президенти Кореяи Ҷанубӣ Чой Санг Мок дар робита ба суқути ҳавопаймои мусофирбар дар шаҳри Муан дар ин кишвар мотами ҳафтрӯза эълон кард.
Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2024 ҳавопаймои мусофирбари ширкати «Jeju Air» дар фурудгоҳи шаҳри Муани Кореяи Ҷанубӣ суқут кард.
Ҳавопаймои «Boeing 737-800» бо 175 мусофир ва 6 узви экипаж аз Бангкок ба Муан парвоз мекард. Дар натиҷаи ин ҳодиса 179 нафар ҳалок шуда, ду нафар зинда монданд.
Ба гуфтаи мақомоти ҳолатҳои фавқулода, ҳавопаймо ҳангоми фурудоӣ аз хати парвоз берун шуда, ба девори бетонии фурудгоҳ бархӯрд ва оташ гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ