Кори мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон боз омад накард

Дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Ҳисор мусобиқаи байналмилалии «CAFA U-15 Girls Tournament 2017» ҷараён дорад, ки дар он дастаҳои мунтахаби духтарони 15-солаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эрону Қирғизистон —  кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок менамоянд.

28 август бозиҳои даври дуюм миёни ин дастаҳо баргузор шуд. Бахти варзишӣ дар ин давр низ ба рӯйи аъзои мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон нахандид. Футболбоздухтарони тоҷик дар ин вохӯрӣ аз ҳамтони эронии худ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд. Онҳо дар бозии аввал аз мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби калони 8:1 мағлуб гардида буданд. Ҳамин тавр, мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозӣ ба дарвозаи худ 11 тӯб гузаронида, ҳамагӣ 2 гол задааст.

Дар бозии дигар футболбоздухтарони ӯзбек ҳамтоёни қирғизашонро 3:0 мағлуб карданд ва бо 6 хол дар ҷадвал ҷойи аввалро касб намуданд. Мунтахаби Эрон дар зинаи дуюм қарор гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *