Корманди милитсия чӣ гуна наҷот додани донишҷӯи тоҷикро гуфт (видео)

Саидмаҳмуд Амиршоев, муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, лейтенанти калони милитсия тафсилоти чӣ гуна аз марг наҷот додани донишҷӯи тоҷикро дар суҳбат бо Pressa.tj шарҳ дод.

“Дар болои пули “Шарқи Озод” мегузаштам. Одамони зиёдеро дидам, ки ҷамъ шудаанд. Аз онҳо сабаби ҷамъ омаданашонро пурсидам. Гуфтанд, ки “аллакай худашро партофт”. Фавран ба дохили дарё даромада, духтарро аз об баровардам. Аммо касе наздик нашуд, то замоне ки худам мардумро даъват кардам. Бо ин амалам қарзи шаҳрвандиамро иҷро кардам. Аз касе чизе интизор нестам”,-гуфт Саидмаҳмуд Амиршоев.

Ёдовар мешавем, ки 5-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, шаҳрванд М.М.А., соли таваллудаш 2000, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, бинобар сабабҳои оилавӣ, худро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ ба об партофта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *