Роҳбари «Тоҷикстандарт» кадрҳоро иваз мекунад

Роҳбари Агентии “Тоҷикстандарт” тасмим дорад, ки дар сохторҳои зертобеи худ тағироти кадриро амалӣ намояд.

Темурҷон Абдулваҳобзода, директори Агентии “Тоҷикстандарт” зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 8-уми феврал гуфт: “Ҳамагӣ ду моҳ шуд, ки ба сифати роҳбари ин сохтор фаъолият дорам. То ҳол ягон касро ба ин ё он вазифа таъин накардаам. Аммо ба наздикӣ озмун эълон мекунем ва дар дастгоҳи марказии Агентии “Тоҷикстандарт” ва зерсохторҳои он мутахассисонро интихоб ва таъин мекунем”.

Ёдрас мешавем, ки Тоҳирҷон Абдулваҳобзода аз 20 ноябри соли 2020 инҷониб ба ҳайси директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Ӯ 55 сол дошта, Омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳуриявии ба номи Олимови шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *