Кормандони амният дигар наметавонанд бе иҷозат ба манзили шаҳрвандон ворид шаванд

Маҷлиси намояндагон иловаҳо ба қонун дар бораи амнияти миллиро, ки ба кормандони амният ҳаққи бидуни иҷозат даромадан ба манзилҳои мардум дар ҳолати таҳдиди ҳамлаи террористиро медод, бекор кард. Ин тағйиротро қаблан Маҷлиси миллӣ қабул накард.

Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бидуни муҳокима ва якдилона тағйиротеро, ки моҳи октябри соли 2016 ба «Қонун дар бораи мақомоти амнияти миллӣ” ворид карда буд, бекор кард.

Бино ба гузориши рассонаҳо, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 30 июн бидуни тавзеҳи сабабҳо ба вакилон пешниҳод кард, ки ин тағйирот бекор карда шавад. Вакилони парлумон низ якдилона аз ин пешниҳод дастгирӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *