Шомилшавии мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА

Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон бори нахуст дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол — ФИФА ба инобат гирифта шуд.

Аз ин боб сомонаи ФФТ хабар дода меафзояд, ки мунтахаби занонаи Тоҷикистон бинобар иштирок карданаш дар вохӯриҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, ба рейтинги ФИФА фаро гирифта шудааст.  Дар ин марҳила мунтахаби занонаи кишварамон  5 вохӯрӣ гузаронда, 1 ғалаба бар мунтахаби Ироқ (0:1) кард, вале вохӯриҳои дигарашро бо Баҳрайн (0:4), Филиппин (0:8), Иордания (2:10) ва АМА (0:1) бохт.

Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон бо 1018 хол мавқеи 108-умро касб кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *