«Истиқлол» боз пешсафи ягона дар чемпионат

29 июн дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бозии мавқуфмондаашро аз даври 8-ум бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби калони 5:1 бурд. Тӯби  панҷумро бошад, Хуршед Бекназаров  чун автогол ба душанбегиҳо «туҳфа овард».

Бозии охирини марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2017 байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Барқчӣ»-и Ҳисор дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена» бо пирӯзии меҳмонон – 2:1 анҷом ёфт. Капитани ҳисориҳо  Кароматулло Саидов ду тӯби ҷаримавии ёздаҳметриро ба ҳадаф расонда, дубл кард.

Ҳамин тавр, давраи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ-2017 ба поён расид. Дастаҳо дар али мусобиқа пас аз ду давра ба таври зайл ҷой гирифтаанд:

    Б Ғ М   Б     Т/т      Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 13 10 3   0    42-7     33
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 13 6 3   4  21-12     21
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 13 5  6  2    9-7 21
4 «Баркчи» (Гиссар) 13 4  4  5   9-15 16
5 «Хосилот» (Фархор) 13 4  3  6   13-22 15
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) 13 3  5  5   9-14 14
7 «Панджшер» (Джалолиддин Балхи) 13 3  2  8   16-28 11
8 «Вахш» (Курган-Тюбе) 13 2  4  7    8-22 10

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») -13 гол, Дилшод Бозоров  — 7 гол ва  Фарҳод Тоҳиров — 6  гол ( ҳар ду — «Хуҷанд»).

Акнун дастаҳои Лигаи олӣ ба танаффуси якмоҳа баромаданд. 29-30 июли соли равон давраи 3-юми Чемпионати Тоҷикистон-2017 бо чор вохӯрӣ шурӯъ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *