Кормандони ВКД бо донишҷӯёни ДСХ вохӯрданд

Кормандони  шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо донишҷўён ва хонандагони литсеи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вохӯрданд.

Мақсад аз баргузории чунин мулоқот фаҳмондадиҳии воқеоти ҷаҳони муосир, пешгирии гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои террористию ифротӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мебошад.

Мулоқотро муовини ректори донишкада, дотсент Баҳриддин Ҷабборов ифтитох намуда, иброз дошт, ки дар ҷомеаи имрўзаи ҷаҳонӣ, дар ҳоле, ки гуруҳҳои гуногуни ифротгаро бо мақсадҳои ғаризу нопоки худ мехоҳанд ҳаёти ҷомеаи солимро ноором созанд, зарур аст, ки ҷавонон дар сафи пеши мубориза бар зидди ин зуҳуроти барои ҷомеаи ҷаҳонӣ номатлуб қарор дошта бошанд.

Дар идомаи мулоқот корманди шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корхои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, майори милитсия Тағоев Ҳазрат оид ба ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон изҳори андеша намуд. Номбурда иброз дошт, ки бо вуҷуди бамаротиб кам гардидани ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон нисбат ба солҳои қаблӣ, ҳастанд ҳолатҳое, ки мо аз он қаноат карда наметавонем. Аз ҷумла, қайд намуд, Тағоев Ҳазрат, бетартибиҳо миёни мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳамаи мову шумо шоҳиди он будем барои наврасону ҷавонони миллати тоҷик зебанда нест. Аз ин гуна зуҳуроти номатлуб канора ҷустан зарур аст. Мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирии ин гуна норасоиҳо ба шумо хонандагону донишҷўён такя мекунем.

Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муҳамадтолиб Ҳусейнов ва намояндаи Гуруҳи пешоҳанги Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Муборакшоҳ ба сухан баромада, атрофи масоили нақши ҷавонон дар пешрафту шукуфоии мамлакат, дастовардҳои ҷавонон дар солҳои Истиқлолият, дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ташаббусҳои созандаи ҷавонон изҳори андеша намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *