Ҷавонӣ — чаманистони умр

29 апрел дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар доираи Соли ҷавонон чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми мамлакат  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур баргузор мегардад.

Меҳмонон аз тарафи Ректори донишгоҳ Ҳ. Одиназода пазироӣ шуда, дар маросими кушодашавии майдонча ва толори варзишӣ иштирок мекунанд.

Инчунин, меҳмонон аз намоишгоҳи ихтироъкорон ва навоварони ҷавон, намоиши эҷодиёти рассомон, меъморон ва суратгирон таҳти унвони «Беҳтарин лаҳзаи ҳаёт, овони ҷавонӣ» дидан карда, боғи фароғатии ҷавонони донишгоҳро ифтитоҳ мебахшанд. Вохӯрии меҳмонон бо олимони ҷавон, магистрантҳо ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ  баргузор шуда, ба ғолибони озмунҳо бахшида ба Соли ҷавонон  диплому  сипосномаҳо ва ифтихорномаҳо супорида мешаванд.

Мусобиқаҳои  футболу волейбол ва гӯштигирӣ байни муҳассилини макотиби  олии шаҳри Душанбе баҳри дарёфти Ҷоми ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоси ҷавонӣ хоҳад бахшид.

Э. Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *