Корномаи табибони ҳозиқу хайрандеш
Ба касалии оденома-простатит гирифтор шудам ва муддати 4 моҳ дар шуъбаи урологияи Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табобат гирифтам. Бояд бигӯям, ки табибони ҳозиқи ин даргоҳ бо касбият ва муоширати хеш ворисони арзандаи Синои бузург ҳастанд.
Ростӣ, моҳи аввали касалмандӣ умеди зистанамро надоштам, чунки 15 сол муқаддам бародари калониам аз ҳамин офати хатарнок ҷон ба ҷаббор супурда буд. Вале дар давоми табобат ва аз сар гузаронидани ду ҷарроҳӣ сиҳат ёфтам ва ин албатта бо кумаки табибони ҳозиқ аст.
Дар давоми табобат дар палатаҳо шоҳиди чандин амалиёти ҷарроҳии ҳамсоягон гардида, дар муошират бо онҳо медидам ва мешунидам, ки табибон чӣ қадар маслиҳатҳои муфид медоданд, бо меҳру муҳаббати инсонгароӣ руҳи моро болида мегардониданд, бо чусту чолокӣ ва серҳаракатӣ ва касбияти баланд моро табобат мекарданд.
Муддати табобат директори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» муҳтарам Рустамзод Хуршед, мудири шуъбаи урология Салоҳиддин Рабиев, устодони соҳа Муродалӣ Юлдошев (номзади илмҳои тиб) ва Ҳикматулло Билолов, табибони ҳозиқ Сиёвуши Сайдамир, Донаёр Бегмирзоев, хоҳарони шафқат, назофаткорон (санитаркаҳо) бо касбият, муҳаббат ва суханҳои меҳрафзунашон дар табобати банда саҳм гузоштанд. Аз эшон як умр миннатдорам.
Ҳамчунин, аз пайвандонам Шарифбег Давлатов, Бегиҷони Аброншоҳ, Азмуддин Ризоев барои ёрии моддӣ ва аз ҳамкорону устодон ва шогирдон аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо раҳнамоии академик И. Х. Каримова, профессор Саломиён, профессор Л. М. Иматзода, академик Х. Раҳимзода барои кумаки моддию маънавӣ сипосгузорам.
Иззатулло ДАВЛАТШОЕВ,
корманди Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ