Коронавирус: Тасдиқи фавти як нафар дар Тоҷикистон
Дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон аз бемории сироятии коронавирус 1 нафари дигар ҷон бохт. Акнун теъдоди умумии қурбониён ба 81 нафар расид
Ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар муддати аз 30 апрел то 22 октябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 10 ҳазору 653 нафар расид.
Манбаъ меафзояд, дар як шабонарӯзи охир 56 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9724 (91,3%) баробар гардид.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ