Трамп: Байден аз Русияю Чин пул гирифт

Интихоботи президентӣ 3 ноябр таъин шудааст. Трамп ва Байден барои курсии президентии Амрико мубориза мебаранд.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки рақиби ӯ дар интихоботи оянда Ҷо Байден аз Русия тавассути Владимир Путин пул гирифтааст.

Трамп таъкид кард, ки аз Русия ва инчунин Чину Украина ҳеҷ гоҳ маблағ нагирифтааст. Байден, ба гуфтаи раҳбари Амрико, аз ҳар се ин  кишвар пул гирифтааст.»Ҷо аз Русия 3,5 миллион доллар гирифт, ин пулҳо  тавассути Путин омаданд, зеро ӯ бо собиқ шаҳрдори Маскав (Юрий Лужков)  муносибати хуб дошт. Шумо 3,5 миллион доллар гирифтед, оилаи шумо 3,5 миллион доллар гирифт. Шумо бояд инро шарҳ диҳед. Шумо бояд ба амрикоиҳо фаҳмонед. Шояд шумо инро худи ҳозир карда мекунед?”»гуфт Трамп дар мубоҳисаи ниҳоии телевизионӣ  дар Нашвилл.Байден дар навбати худ ин  иттиҳомоти рақибашро рад кард.

«Ман аз ягон кишвар  як тин ҳам нагирифтаам», — ҷавоб дод ӯ.

Қаблан сенаторҳои ҷумҳурихоҳ Рон Ҷонсон ва Чак Грассли гузорише нашр карданд, ки дар он писари Ҷо Байден -Ҳонтер ва шарики ӯ аз шаҳрвандони хориҷӣ, ки манбааш шубҳанок аст, миллионҳо доллар гирифтаанд. Дар байни онҳо зани собиқ шаҳрдори Маскав Юрий Лужков -Елена Батурина, олигархи украинӣ Микола Злочевский, соҳибкори қазоқ Кенес Ракишев буданд. Илова бар ин, гуфта шуд, ки Байден аз ҳамкорӣ бо шаҳрвандони Чин, ки бо мақомот алоқаманданд, миллионҳо доллар фоида ба даст овард, овардааст агенти хабарии «РИА-Новости»

Интихоботи президентӣ  3 ноябр таъин шудааст. Трамп ва Байден барои курсии президентии Амрико мубориза мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *