Коронавирус: Тасдиқи фавти як нафари дигар дар Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ аз фавти боз як нафари дигар бар асари коронавирус дар шабонарӯзи гузашта хабар дод ва шумораи умумии фавтидагон аз коронавирус дар кишвар ба 84 нафар расид.
Тибқи иттилои манбаъ дар як шабонарӯзи охир 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.
Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар аз 30 апрел то 10 ноябр 11 ҳазору 417 ҳолатро ташкил медиҳад.
Теъдоди шифоёфтагонро то шоми имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 10 ҳазору 763 нафар арзёбӣ кардааст. Аз ҷумла тайи шабонарӯзи гузашта ба иттилои ин ниҳод 52 нафар аз COVID-19 шифо ёфтаанд.
Гуфта мешавад, ки то шоми имрӯз беш аз 94 %-и гирифторони сабтшудаи коронавирус аз ин беморӣ шифо ёфтанд.
Бар асоси ин омор, феълан теъдоди онҳое, ки дар Тоҷикистон расман гирифтори коронавирусанд ҳудуди 570 нафарро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ