Неъматзода Маликшо вазифаи нав гирифт

Неъматзода Маликшо Маҳмадшо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид. Хабар дод АМИТ “Ховар”

Дар шаҳри Душанбе роҳбарони нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардиданд. Интихоби раис ва муовинон аз масъалаҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон буд, ки имрӯз баргузор шуд.

Инчунин Файзизода Исмоил Нарзӣ, муовини якум ва Назарзода Нигора Нураҳмад, муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуданд.

“Инчунин лоиҳаи “Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023” баъди баррасии аъзои Шӯрои генералӣ маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид”, — омадааст дар иттилоия.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *