Рӯзи Иқбол дар ДМТ

Ба муносибати таҷлили 143-солагии зодрӯзи Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ба сафорат ва маркази илмии Покистон «Рӯзи Иқбол» баргузор гардид.

Дар маҳфил Кароматулло Олимов, Ҳ.Раҷабов, дотсент Ҳ.Қурбонов М.Амиршоева суханронӣ намуда, дар бораи ҷанбаҳои гуногуни шеър ва фалсафаи эҷодиёти Аллома Иқбол ҳарф заданд.

Нотиқон қайд карданд, ки асарҳои Иқбол ҷаззобияти гуногунҷабҳа дошта, дар тамоми ҷаҳон қадрдонӣ мешавад. Сафир Имрон Ҳайдар зимни суханронии худ фалсафа ва паёми Аллома Иқбол, робитаи ӯ бо Кашмир, муроҷиати саросарии навиштаҳои ӯ ва таъсироти мухталиф ба шоири Шарқ, аз ҷумла ба Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъкид карданд. Ниёз ба бозгашт ба паём ва тафаккури Иқбол барои истодагари намудан ба мушкилоти имрўза, ки ҷомеаи чањонро дар маҷмӯъ ва алахусус ҷомеаи мусалмононро фаро мегиранд, вуҷуд дорад.

Ҳамзамон донишҷӯёни бахши урдуи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ин муносибат абёти Аллома Муҳаммад Иқболро қироат карданд. Чорабинӣ бо тақсими тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби сафир ба донишҷӯён ба анҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *