Коронавирус Владимир Меншовро ҳам кушт

Режиссер ва актёри шинохтаи рус Владимир Меншов дар синни 82-солагӣ вафот кард. Дар ин бора сайти Мосфилм хабар додааст. Намояндагони киностудия гуфтанд, ки коргардон аз сирояти коронавирус вафот кардааст. Санаи видоъ бо ӯ баъдтар маълум хоҳад шуд. Гурӯҳи «Мосфилм» ба ҳамкорон, оила ва дӯстони Владимир Меншов изҳори ҳамдардӣ кард. «Мо бо шумо ғамгинем. Мо дӯсти азизи худ, як корманди Мосфилмро, ки тамоми қудрати эҷодӣ ва истеъдоди дурахшони худро ба киностудияи ватани худ, як коргардони воқеан маъруф, ки филмҳои аҷиби ӯро миллионҳо одамон мешиносанд ва дӯст медоранд, аз даст додем ”, — гуфта мешавад дар паём.
Ёдовар мешавем, ки Владимир Меншов дар Тоҷикистон дар сабти филми “Чтобы выжить”, ки соли 1992 дар минтақаи Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент аз ҷониби режиссёр Всеволод Плоткин ба навор гирифтааст, иштирок кардааст. Дар сабти ин филм, ки аввалин блокбастери Русия мебошад, аҳолии маҳаллӣ низ ширкат кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *