Писари Бег Сабур Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио — 2020 намояндагӣ мекунад

Писари Бег Сабур дар вазни беш аз 91 кило Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио — 2020 аз намуди бокс намояндагӣ мекунад.

Писари Бег Сабур дар вазни беш аз 91 кило Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио — 2020 аз намуди бокс намояндагӣ мекунад.

Сиёвуш Зуҳуров писари раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт, хабар медиҳад Кумитаи милли олимпӣ.

Ба иттилои манбаъ, Сиёвуш тавассути радабандии қоравии гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс имкони роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио — 2020 дарёфт намуд.

Ба ҳамин минвол, Сиёвуш ҳамакнун намояндаи 11 — уми Тоҷикистон дар ин олимпиада хоҳад буд.
Сиёвуш ҳамагӣ 28 сол дошта, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Тоҷикистон ҷойи аввал ишғол карда буд. Сиёвуш иштирокчии аввалин Бозиҳои олимпии наврасон – Сингапур-2010 буда, дар бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Ӯ ахиран дар Қаҳрамонии Осиё-2021, ки дар Дубай доир шуд, ҷои панҷумро азхуд кард.
Ба Бозиҳои олимпии Токио — 2020 Тоҷикистонро 11 нафар: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ) намояндагӣ мекунанд.

Ин бозиҳо аз 23 июл оғоз ёфта то 8 августи соли ҷорӣ идома меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *