Коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Чин рафтанд
Директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адхан Гебрейесус гуфтааст, ки гуруҳи коршиносони варзидаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) барои омӯхтани вазъияти дар натиҷаи коронавирус пайдошуда ба Чин рафтанд. Хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Гуфта мешавад, ки ТУТ охири моҳи январ эълон намуд, ки ба наздикӣ коршиносони байналмилалӣ ба Чин рафта, ба олимони чинӣ дар омӯхтани коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо он кумак менамоянд.
«Ман худи ҳозир дар фурудгоҳ будам ва аъзои гурӯҳи пешбари ҳайати байналмилалии коршиносони ТУТ оид ба вазъияти баамаломада дар робита ба коронавируси 2019nCov –ро ба Чин гусел намудам»,- менависад директори генералии ташкилот дар «Twitter».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ