Кору таҳсили 578 шаҳрванди хориҷӣ дар ДДЗТ
Имрӯз Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода нишаст хабарии худро доир намуд ва доир ба фаъолияти солонааш ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.
Яке аз масъалаҳои нишасти мазкур ин таҳсилу кори шаҳрвандони хориҷӣ дар донишкада буд.
Ба рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар донишкада 6 нафар шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти омӯзгорӣ намудаанд. “Аз ҷумла, 2 нафар шаҳванди Куриёи Ҷанубӣ, 2 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон ва 1 нафар аз кишвари Ҷопон мебошанд”, — афзуд ректори муассиса Жило Гулназарзода.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 572 нафар шаҳрвандӣ хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, ва Федератсияи Руссия ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ