Садама: Панҷараҳо корношоям шуданд, ҷавонзан ҷароҳат бардошт

Вазорати корҳои дохилӣ аз садамае дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки бо ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани як нафар анҷомидааст.

Субҳи рӯзи 7-уми феврал, тақрибан соати 05:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», рақами қайди давлатиаш 3777ZА01 Назиров Холиқҷон Қосимович, санаи таваллудаш 28.11.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қосимова ҳангоми ҳаракат тавассути кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи бинои собиқ Маркази тадқиқоти стратегӣ бинобар баланд намудани суръати ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараҳои канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа 2 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва 20 метр панҷараҳои канори роҳ пурра корношоям гардидаанд.

Ҳамзамон, дар натиҷаи садамаи мазкур як нафар ҷавонзани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо бардоштани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *