Варзоб: 278 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд

Дар ноҳияи Варзоб дар натиҷаи зуҳури сохтмонҳои навистифодашуда 765 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб садо дод.

Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода, соли 2021 дар ҳудуди ноҳия як қатор манзилҳои истиқоматӣ, минтақаҳои истироҳатӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва биноҳои маъмурӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Ҳамзамон, зимни нишаст таъкид гардид, ки бо ташаббуси сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 278 иншоот, аз ҷумла 15 муассисаи таълимӣ, 4 бинои маъмурӣ, 40 иншооти хизматрасонӣ, 30 иншооти савдо ва хӯрокворӣ, 17 иншооти истироҳатию фарҳангӣ, 18 толору майдончаи варзишӣ, 42 иншооти тиббӣ, 22 коргоҳу корхонаи саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *