Корвон сухт. Наход гунаҳгор боз барқ бошад?

 

Сӯхтор дар бозори Корвон, бузургтарин фурӯшгоҳи шаҳри Душанбе шаби 2 июл сар зад.

Шоҳидони ҳодиса мегуянд, ки сӯхтор соати 12 шаб хомуш карда шуд. «Танҳо дар баъзе ҷойҳо алангаи пасти оташ то ҳол  дида мешавад».
Шоҳидони ҳодиса   гуфтанд, ки сӯхтор аз дарвозаи 6-и ин бозор сар зада ва бо суръат идома кад. “Сӯхторнишонҳо алъон ба хомуш кардани он муваффақ нашудаанд,-гуфт як шоҳид соати 10 шабДар мавриди сабаб ва аз куҷо сар задани сухтор гуфтугузорҳо гуногунанд. Ҳоло хабарнигори “Тоҷикистон таймс” дар ҷои ҳодиса ҳузур дорад ва гузориши ӯро дар ҳамин ҷо мутолиа хоҳед кард. .

Ин бори аввал нест, ки бозори Корвон оташ мегирад. Шурӯъ аз соли 2010 дар ин бозор тақрибан шаш маротиба сӯхтор сар задааст. Дар пайи сӯхтори 5 сентябри соли 2012, ки дар қисмати яклухтфурушии ин бозор ба вуқӯъ пайваст, ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаъи бозор ва 2250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд гардид. Бино ба хабарҳо дар ин ҳодиса як нафар ҳам ҳалок ва чор каси дигар захмӣ шуда буданд. Он замон Оҷонсии давлатии «Ховар» бо такя ба иттилои Прокуратураи генералӣ гуфта, буд, ки мутахассисон муайян кардаанд, “Корвон”-ро қасдан оташ задаанд: «Бозорро фарди номаълум бо истифода аз солярка оташ задааст».Вале то ҳол дар имн маврид иттилоэъи қонеъкунанаде нашр нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *