Кудаки сесоларо гурги тамғадор  хӯрд

 

Шоми 1 июл бар асари ҳамлаи гурги ваҳшӣ дар деҳаи Имом Даргоҳи ноҳияи Шуғнони Бадахшон як кӯдаки сесола ҳалок шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, як гург ҳангоми бозии кӯдакон ба Маҳмадназари сесола дарафтода, гулӯву шиками ӯро даррондааст.

Сокинони деҳаи Имом Даргоҳи ноҳияи Шуғнон, воқеъ дар тақрибан 100-километрии шарқи Хоруғ гуфтаанд, ки шоми 1 июл як кӯдаки сесола дар ин деҳа қурбони ҳамлаи гурги дарранда шудааст. Ҷанозаи Маҳмадназарро рӯзи 2 июл ба хок супурдаанд.

Ба гуфтаи сокинон, шоми 1 июл як гурӯҳи кӯдакон дар канори деҳаи Имом Даргоҳ бозӣ доштаанд, ки ногаҳон як гурги дарранда ба онҳо наздик шуда, аз гулӯи Маҳмадназар гирифтааст. Мардум баъди шунидани доду фарёди кӯдакон ба ҷои ҳодиса расида, талош кардаанд, ки Маҳмадназарро аз даҳони гург бигиранд, вале гург кӯдакро сар надода, қариб 100 метр кашола карда бурдааст.

Маҳмадназар аз ноҳияи гулӯ ва шикамаш захмӣ шуда, ҷон додааст.

Падари ӯ дар маросими дафнаш ширкат карда натавонист, чунки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия будааст.

Гургон маъмулан дар фасли сармо, ки пайдо кардани ғизо дар кӯҳистон мушкил мешавад, пойинтар мефароянд ва асосан ба чорвои мардум ҳамла мекунанд.

Вале дар фасли тобистон ва он ҳам ба одамон ҳамла кардани гургон ҳодисаи нодир шумурда мешавад.

Сокинони Бадахшон соли гузашта шикоят мекарданд, ки як селаи гургони муғулӣ дар пайи танг шудани минтақаи зисташон дар Қирғизистон ба ҳудуди Бадахшони Тоҷикистон гузаштаанд ва ҳатто дар фасли тобистон ба чорвои мардум ҳамла мекунанд. Идораи хоҷагии ҷангал дар пайи ин шикоятҳо ҳатто маҷбур шуд, ба шикори гургони муғулӣ дар Бадахшон иҷозат диҳад.

Аммо дар пайи ҳалокати Маҳмадназар чанд нафар дар Фейсбук навиштанд, гурге ки дар Имом Даргоҳ ба ин кӯдак ҳамла кард, гурги тамғадор буд.

Ин гургони тамғадоррро як созмони ҳомии муҳити зист оварда, бо ҳадафи афзоиш додани саршумори гургон дар кӯҳистони Бадахшон сар додааст.

Ҳоло дар Интернет аз ин иқдоми ин созмони ҳомии муҳити зист интиқод мекунанд, ки дар натиҷаи ташаббуси бефикронаи онҳо имрӯз як кӯдаки бегуноҳ ҷон бохт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *