Корвон”, “Султони Кабир” ва чанд бозори дигар 10 рӯз кор намекунанд
Дари бозорҳои “Корвон”, Султони Кабир”, як қисми “Саховат” ва чанд бозори фурӯши либосу ашёи рӯзгор давоми 10 рӯз баста мешавад.
Аз 30 апрел то 10 май дари ҳамаи бозорҳои либосфурӯшӣ ва ашёи рӯзгор дар шаҳри Душанбе баста мешаванд. Дар ин рӯзҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар ин бозорҳо рӯзҳои санитарӣ эълон гардидааст, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад. Дар ин мақомоти дахлдори шаҳри Душанбе хабар додааст.
Дар робита ба ин, мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ намоянд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон дар пойтахт тадбирҳои безараргардонии саросариро пурзӯр намуд. Ҳоло дар ҷойҳои серодами ҷамъшавии одамон, мактабу муассиса, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ ва ғайра поккорӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ