Донишманди тоҷик роҳҳои муолиҷаи коронавирусро ёфт

Бобоҷон Назаров, донишманди тоҷики муқими Лондон роҳи нав барои муолиҷаи “COVID-19”-ро ошкор кард.

Тими таҳти роҳбарии Бобоҷон Назарови 35-сола мегӯяд, ки доруҳои Camostat ва Nafamostat, ки дар Ҷопон беш аз 30 сол пеш барои муолиҷаи панкреатит ё ғадуди зери меъда иҷоза шуд, тавони пешгирӣ аз сироят ва муолиҷаи COVID-19-ро ҳам дорад.
Санҷишҳои кимиёию биологии ин давоҳо дар рӯзҳои буҳрони коронавирус дар Бритониё анҷом шуд ва барои озмоиш дар инсонҳои гирифтори COVID-19 машварат шудааст. Таҳқиқот дар ин заминаро ширкати хусусии «Latus Therapeutics» ба роҳбарии Бобоҷон Назаров ва гурӯҳи донишмандони Донишгоҳи Оксфорди Бритониё анҷом додаанд ва ба зудӣ 500 гирифтори COVID-19 дар озмоиш ширкат мекунанд.

Бобоҷон Назаров, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, доир ба таҳқиқоти нави даво зидди COVID-19 ба “Озодӣ” чунин мегӯяд:
«Ман дар оғоз дар бораи табиати коронавирус ва COVID-19 бисёр мутолиа кардам. Тахминан як ҳафта лозим шуд, ки табиати ин вирусро дарк кунам. Доруҳое, ки бояд ба кор бурда шаванд, Camostat ва Nafamostat ном доранд. Аввалӣ қурс буда, дуюмӣ аз роҳи тазриқӣ ва ё сӯзандору пешбинӣ шудаанд. Доруи Camostat-ро бемороне истифода карда метавонанд, ки дар беморхона бистарӣ нестанд. Ҳоло ки беморхонаҳо пур ҳастанд ва бисёр беморонро барои идомаи муолиҷа ба хонаашон ҷавоб медиҳанд, аз роҳи истеъмоли ҳамин даво мешавад, муолиҷа кард. Nafamostat барои беморони бистарӣ ва онҳое пешбинӣ шудааст, ки тавони фурӯ бурдани доруро надоранд. Ин дору ба раги онҳо бо сӯзандору ворид карда мешавад».

Ҳоло дар сурати бомуваффақият гузаштани тадқиқоти олими тоҷик аз озмоишгоҳ, он метавонад барои дармони миллионҳо мардум дар сайёра кумак кунад.

Шарҳи ҳол: Бобоҷон Назаров зодаи Тоҷикистон буда, 35 сол дорад. Дар наврасӣ ба Лондон кӯчида, мактаби миёнаро дар Бритониё хатм кардааст. Ихтисосаш муҳаққиқи кимиёву биология аст. Соли 2016 дар Донишгоҳи Оксфорд рисолаи докториро дар бахши кардиология ва ё бемориҳои дил хатм карда, соли 2019 Ширкати хусусии Latus Therapeutics-ро таъсис дод. Таҳқиқоти ахир бо кумаки молии давлати Бритониё анҷом шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *