«Корвони саломатӣ» 13 рӯз ба мардуми Шаҳринав хизмат мерасонад
Бо супориши раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии «Корвони саломатӣ» ҷараён дорад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, “Корвони саломатӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ин ноҳия 13 рӯз идома намуда, дар навбати аввал маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорон ва дигар ниёзмандон хона ба хона аёдат шуда, муоина ва аз машварати тиббии ройгон гузаронида мешаванд.
Тавре МИҲД-и ноҳияи Шаҳринав иттилоъ медиҳад, барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ мутахассисону табибони ботаҷрибаи ноҳиявӣ муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ сафарбар гардидаанд. Инчунин тавассути нақлиёти тиббӣ ба воситаи баландгӯяк вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои ройгон гузаштани сокинон аз муоинаи тиббӣ ва гирифтани пешниҳоду тавсияҳо барои муолиҷа даъват карда мешаванд.
— Дар доираи «Корвони саломатӣ» дар марказҳои саломатии деҳаҳои Баҳористон ва Элокӣ ба воситаи дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ тақрибан 400 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхиси тиббӣ фаро гирифта шуда, ба беморон тавсияҳо барои табобат дода шуд. Ҷиҳати омодагӣ ба соли нави таҳсил бо супориши раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода дар ин чорабинӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ пурра ва ройгон аз ташхиси таббӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи омор, то имрӯз зиёда аз 120 омӯзгор аз ташхиси тиббӣ гузаштаанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ