Корвони ваҳдатсаро ба Хатлон расид
Имрӯз маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар мизбони гуруҳе аз фаъолзанони минтақаҳои гуногуни кишвар аст. Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллӣ суҳбату вохӯрии фаъолзанон бо сокинони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон доир хоҳад гашт.
Умед Муродов, корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки корвони модарони “Ваҳдатсаро” аз 80 нафар фаъолзанони гӯшаву канори мамлакат иборат буда, бо сокинони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон суҳбату вохӯриҳо доир мекунанд. Ҳоло онҳо ба гуруҳҳо тақсим шуда, ба 22 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар шудаанд.
“Мақсади асосии корвони модарони “Ваҳдатсаро” даъвати сокинон ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пос доштани муқаддасоти кишвар аст. Вохӯриҳо аз имрӯз то 10-уми июн идома мекунанд. Сипас, 11-уми июни соли равон дар шаҳри Кӯлоб ҷамъбаст хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки фаъолзанони кишвар даври вилоятии озмуни «Сад ранги чакан» баргузор мегардад”,- афзуд вай.
Иштирокдорон ташкил кардани чунин вохӯрӣ бо сокинонро амали хуб дониста, бовар доранд, ки ин иқдоми муҳим дар боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллии ҷавонон мусоидат мекунад.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ