Ҷаримаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Хатлон (аудио)

Давоми соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон барои иҷозатномаи кор надоштан чор шаҳрванди хориҷӣ ҷарима шудаанд. Онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон мебошанд.

Азиззода Баҳодур, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки барои иҷозатномаи фаъолият надоштан ду шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ду шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо моддаи 138, қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима карда шудаанд. “Ҳамчунин, як шаҳрванди кишвар барои бе иҷозатнома ба кор қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима шудааст. Ҷарима дар маҷмуъ 9 ҳазору 600 сомониро ташкил мекунад. Шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи қонун вазифадоранд, ки барои дар Тоҷикистон фаъолият кардан иҷозатнома бигиранд. Дар сурати нагирифтан, онҳоро ҷарима мекунем. Агар ислоҳ нашаванд ва такроран қонуншиканӣ кунанд, ихроҷ карда мешаванд”,- афзуд вай.

Феълан дар вилояти Хатлон дар 33 ширкат дар маҷмуъ 625 шаҳрванди хориҷӣ кору фаъолият доранд. Назар ба солҳои қаблӣ шумораи чунин ширкатҳо коҳиш ёфтааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *