Кризиси фоҳишаҳо

Буҳрон ё кризиси иқтисодӣ ба саноату савдо ва дигар соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ гузошт. Дирӯз ба як ҳодисаи аҷиб гирифтор шудам. Кормандони қадимтарин шуғл дар рӯйи замин – фоҳишаҳо ҳам гирифтори буҳрон шудаанд…

Як дӯстам аз хориҷа омад ва ҳарду хостем дар ягон тарабхонаи зебо хилват нишаста диду боздидамонро ба ҳамдигар қисмат кунем. Бо ин мақсад яке аз тарабхонаҳои машҳурро интихоб  намудем. (номи тарабхонаро намегӯям, аммо он дар маҳаллаи 103 –юм ҷойгир аст)

Ҳини дохил шуданамон ба тарабхона ду хонуми ҷавон (тақрибан 25- 30 сола) дар даромадгоҳ бо ҳам суҳбат доштанд. Яке қоматбаланди сатрпӯш буд, дигаре миёнқади фарбеҳак ва куртаи тоҷикӣ дошт. Мӯйҳояшон буридагию хеле зебо оро дода шуда буд ва дар дасти ҳардуяшон телефон буд. Моро дида хонуми тоҷикипӯш ба сатрпӯш баланд – баланд гуфт:

-Марҷон, и бачаҳои хушрӯра бин, биё рақамои телефоншона гирем…

Ин луқмаи духтаракро ҳамчун шӯхӣ пиндошта ман бе ягон нияти бад дар ҷавоб шӯхиомез баланд- баланд як рақами бофтаро гуфтам ва бо роҳнамоии пешхизмат аз паси дӯстам ба толор даромадам…

Суҳбати мо дар сари мизи пурнозу неъмат бо дӯстам қур гирифт. Таому шириниҳои лазизро баҳ-баҳкунон нӯши ҷон намуда, аз ину он қариб се соат суҳбат кардем. Вақти ҳисобӣ карда баромадан бинам ҳанӯз ҳам он ду ҷавонзан пушти дар истодаанд. Ҳайрон шудам. Хонуми сатрпӯш моро дида садо баланд кард:

-Чида рақамои телефонтона хато доден?

-Хато не, туғрӣ (дуруст) буд,– гуфтам хандон ва аз наздашон бепарво гузаштанӣ шудам.

-Хизмат расонида намешавад гуфт ку…

-Телефони худатон ягон бало дорад.

— Телефони ман сад фоизай.

Дар ин миён дӯстам муҳаррики мошинашро ба кор даровард ва маро садо кард. Хостам ба мошин шинам, вале яке аз он хонумҳо дари мошинро маҳкам дошта, монеи нишастанам гашт ва мисле ки духтарак ба дӯстдоштааш эркагӣ мекунад, гуфт:

-Чида рақамота хато додӣ?

— Э одам, рақамом дуруст буд, ту худат хато навиштӣ.

— Не, ту хато додӣ… Чида ихелӣ кардӣ? Тарсидӣ?

— Аз чӣ тарсам?

— Намедонам…

Дари мошинро маҷбуран кушода нишастам. Бинам хонуми дуюмӣ дар назди тирезаи дигари мошин аст ва ба дӯстам чизе мегӯяд. Ману дӯстам дар ҳолати ногувор монда чӣ кор карданамонро намедонистем. Тоқати яке аз хонумҳо тоқ шуда ошкоро гуфт:

— Э бачаҳо, намерем ягон ҷо?

Худро ба нодонӣ зада пурсидам:

-Куҷо?

— Ду бачаи хушрӯ бо ду духтари хушрӯ да соати 11 –и шаб куҷо меран?- Асабӣ шуд ҷавонзан.

— Надонам, бисёр ҷо, масалан маршрутка кам, ду бача ду духтарро метонад то хонаашон баранд…

-Э ино галуан (гаранг) чиян? – Ба дугонааш нигариста норозиёна лабашро бурма кард духтар.

-Хай ту дуруст гап зан, куҷо мехоҳӣ равем?

-Ягон ҷо равему отдихат кунем…

Сахт шарм кардам, ба фикрам рухсораҳоям сурх шуд. Дӯстам, ки то он дам суҳбати моро гӯш карда бо завқ механдид, баъди шунидани ҷумлаи охир лол монд.

Дилам ба ҳоли зан сӯхт. Хостам донам, чӣ ӯро водор намудааст, ки ба ин амали зишт машғул шавад, бинобар ин барои санҷиш гуфтам:

-Мо одамои камбағал, бо ягон киссағафс равед.

-Э додар, ҳози ҳаму киссағафс канӣ. Кризис ҳоли моя бад кард. Имшаб ягон клиент нашуд.

-Кризис шумодаям таъсир кард — чӣ?

-Конечно. Пештар дар як шаб ду- се клиент буд, ҳозир дар ду-се шаб якта…

-Дар як шаб ду-се та? Чӣ хел?

-Ин вобаста ба пули клиент.

-Масалан, чанд сум?

-Ҳар хел, вобаста ба хоҳиши клиент. Агар клиент …… — зан усулҳои хизматрасонӣ ва соатҳои онро нақл кард. Маълум буд, ки таҷрибаи калон дорад ва аллакай он чӣ мегӯяд, барояш суханҳои маъмуливу рӯзмарра шудааст. Дар чеҳрааш ягон аломати шарм эҳсос намешуд.  Ба ҷойи ӯ ман нороҳат шудам. Дар вуҷудам таби ҷонсӯзе пайдо шуда худро чунон бад ҳис кардам, ки гӯё ҳозир метаркида бошам. Дӯстам ҳам лаб газида чӣ гуфтанашро намедонист.

-Шумо бо клиентҳоятон дар куҷо во мехӯред.

-Иннами роҳда меистем, худшон мебаранмон. Ягонташ ҷо дора, хонаш мебара, яхелаш да друни мошин, яхелаш ай шаҳр берун мебарад, я хелаш ҷо надора, боғои авул мерем… Акун хунукӣ сар шуд, дига боғда намеша…

-Яке шумоя бурда фиреб кунану пултона натиян, чӣ кор мекунед?

-Ихели номардо ҳастан, мебаран, азоб метиян. Фиреб карда я худам гуфта мебарану чор панҷ ҷӯрашона фарёд мекнан, бо пул наметан…

-Баъд шумо чӣ кор мекнен?

-Моям криша дорем, шикамғафсода хизмат кадагием, проблема, ки бромад, ёрдам метан… Э не базарничи, давай мерафтагӣ бошен, равем. Ту пуркурорӣ, ки допрос дорӣ?!

— Не, проста пурсидам. Чанд сумда мо қати мерен?

Духтар каме фикр карда:

— Ҳар дут сад сум тиен, фақат ҷо ай худтон…

-Сад сумда шумо чӣ кор мекунед?

— Ҳар дут бачаи симпатичниен, то саҳар отдихат мекунем… я зиёфтам куне…

Дӯстам, ки то ин вақт суханҳои моро бодиққат гӯш мекард, аз пухтани савдоямон ҳаросида гуфт:

— Не, мо намеравем!

Духтар дид, ки мо моили рафтан нестем, аз сад ба 80 сомонӣ нархро поён бурд.

— Ин ҷӯрам нав 6 моҳ шуд, ки зан гирифт, мо намерем…

— Хай  70 сомонӣ

-Не.

-Биё  50.

Хонумон ҳеҷ моро раҳо намекарданд. Якеш пеши мошинро дошта намегузошт мошин ҳаракат кунад, дигарӣ аз тирезаи кушода сарашро берун намебаровад.

-Ин журналист аст, агар моро раҳо накунед, шуморо менависад,- гуфт дӯстам ва мошинро осемасар қафо ронд. Базӯр аз занҳо халос шудем. Онҳо ҳақораткунон аз паси мо менигаристанд…

Фоҳишаҳо. Дар меъёри матбуоти байналмиллӣ дигар чунин навиштан мумкин нест. Ҳомиёни ҳуқуқи башар калимаи «фоҳиша»-ро ҳамчун таҳқиқи кормандони қадимтарин шуғл донистанд, бинобар ин, онҳоро Кормандони тиҷорати секс – работники коммерческого секса меноманд. Ҳамин табақаи аҳолӣ дар Тоҷикистон ба буҳрон гирифтор шудааст ва ман намунаи яке аз онҳоро ба шумо пешниҳод кардам.

Баъди фирор аз кормандони тиҷорати секс –

О. НОЗИР

p.s.

Бо мақсади воқеӣ баромадани суҳбат забони кӯчагии онро нигоҳ доштам.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *