Корд ба синаи ҳамсоя

 Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ошпаз ошпазро кушт

Хабари шум тез паҳн гашта, ба думболи худ овозаю ҳангома ва сару садоҳои росту дурӯғи зиёдеро меорад. Тӯли як ҳафта аст, ки хабари кушта шудани як ошпази моҳир аз дасти ошпази дигар тамоми минтақаи Суғд, хоса ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристонро фаро гирифта, боиси пайдо шудани овозаю миш-мишҳои бисёре дар байни мардум гаштааст. Яке бар он назар аст, ки гадо душмани гадо гуфтагӣ барин, ошпази одӣ дар дил нисбати сарошпаз бухлу кина парварда, аз рашку ҳасад ӯро ба қатл расонидааст, дигарӣ мегӯяд ошпазҳо ҳамсоя будаанд ва як моҷарои хурд боиси хунрезӣ гаштааст, саввумӣ ин кушторро ба озмуни оши палав, ки бо ибтикори раиси вилояти Суғд рӯзи 5-уми октябр шуда гузашт, нисбат медиҳад.

Масъулин чӣ мегӯянд?

Ба иттилои сардори маркази матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарипов  сокини 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иттиҳоми куштор аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон  дастгир шудааст. Аз рӯйи маълумоти ниҳоди мазкур, боздошти муттаҳам 8 октябр дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии кормандони ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст.  Ин сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар яке аз ошхонаҳои ноҳияи Шаҳристон кор мекардааст, санаи 7 октябр тахминан соатҳои 22:40 дар ҳавлии ошхона, дар пайи муноқиша бо корд ба қафаси синаи ҳамдеҳаи 42-солааш задааст ва ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Айни замон аз рӯйи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Дар ҷустуҷӯйи хонаи ошпаз

Барои фаҳмидани сабаби аслии ҳодиса мо роҳ ҷониби макони сар задани ин рӯйдоди хунин пеш гирифтем.  Раҳораҳ аз ҳар кӣ хонаи ошпази кушташуда дар куҷост гуфта мепурсидем, танҳо як ҷавобро мешунидем: “Рафтан гиред, хонаи марҳум аз пешатон мебарояд. Ҳоло шинакҳои ассоҳо ҳам ҳаст, маълум, ки мурдахона аст…”

Ниҳоят бо чунин роҳнамоиҳо ба ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи ба номи К. Неъматов №51 расидем. Ин кӯча дар ҳақиқат нисбати дигар кӯчаҳои маҳалла серодам буд.

Нолаи модари хунҷигар

Баробари аз дарвоза даромадани мо зани нуронии рӯймолсафеде ба тамоми овоз “во балам”  гӯиро сар кард. “Писари беозори ақаллан як бор ба рӯйи падару модар гап нагардондаам, балам. Бачаи фариштаи ба кас  бадӣ накардаам, балам. Писари бе буваҷон гап намезадаам, балам. Бачаҳаки ниҳолҳоро ҳосилхез карда, аз меваҳои дастпарвардаш як дона начашидаам, балам. Писари меҳрубони Азроилро ба худ шогирд гирифтаам, балам. Бачаи қошпайванди гулгункафанам, балам…”

Модари ҷигарсӯхта сифоти писарашро дар нолаҳои зораш ба забон оварда хун мегирист. Аз шиддати гиря овозаш гирифтаву чеҳрааш мисли баргҳои тирамоҳӣ заъфаронӣ менамуд ва аз умқи чашмонаш дард меборид. Гиряи ҷонгудози модар келину набераҳо ва дигар пайвандонашро низ ба гиря дароварда буд. Аз нолаи пурсӯзи ин зани хунинҷигар дар чашмони мо низ ашк ҳалқа зад ва дар сояи дарахтони анор сари по нишастем, вале хушдомани марҳум Марҳамат-хола ба ҷону ҳоламон намонда моро ба рӯйи кат бароварда шинонд ва сӯйи қудояш ишорат намуд, ки лаҳзае ором бигирад. Қабл аз он ки худро шинос намоем, аввал ба арвоҳи марҳум фотиҳа хонда, даст ба дуо бардоштем ва пасон ба аҳли оила ҳамдардии амиқ баён намуда, сари мақсад омадем. Модари марҳум-Санъатой аз ҳафтаномаи “Оила” буданамонро фаҳмида “дидед, ин гап аллакай то газета рафта расидааст, охир ин коре нест, ки пинҳон дошта шавад” гӯён, ба суҳбат розигӣ дод.

Холаи Санъатой:

Азроилро ба худ шогирд гирифт…

-Холаҷон, дар бораи ин ҳодисаи хунин андешаҳо гуногунанд. Яке мегӯяд, ки ошпази ҷавоне аз ҳасад писари шуморо куштааст, дигарӣ қотилро ҳамсояи шумоён меномад. Барои ҳамин мо омадем, то аз асли гап бохабар шавем.

-Духтарам, Абдураҳмони ман ба синни 42 даромада дар умраш ягон бор даргоҳи табибу духтуру беморхонаро надида буд. Ба гӯшаи касе намеомад, ки ҳамин хел бачаи солиму зебои панҷ панҷааш ҳунар ғӯрамарг шуд. Боз аз дасти кӣ? Аз дасти  дӯст, ҳамкор ва ҳамсояи худаш! Дар китоби муқаддаси “Қуръон” ҳамсояро азиз дор гуфта шудааст, вале баъзан ҳамсоя вазифаи Азроилро иҷро мекардааст-дия!

Ҳамон рӯзи ҳодиса худи шумо дар куҷо будед?

-Ба ноҳияи Шаҳристон фотеҳахонӣ рафта будам. Писарам ҳам бо ҳамин ҳамсояи қотил дар ҳамон ноҳия буданд.

-Онҳо ҳам фотиҳахонӣ рафта буданд?

-Не, дар он ҷо ҳардуяшон дар як ошхона кор мекарданд. Ҳамон рӯз рӯзи гусели аскарбачаҳо буд. Писарам ошпази моҳир буд ва ҳамон рӯз чунон оши олиҷанобе  пухт, ки ҳама хурду калон “бисёр оши бомаза шудааст” гӯён аҳсан хонда хӯрданд. Афсӯс, ки оши бомазаи пухтааш оқибат заҳри баданаш гашт.

-Мегӯянд, ки писаратон бо ҳамсоя пештар ҷанҷол карда будааст ва ҳамон хусумат оқибат боиси ниқоргирӣ ва куштор гаштааст…?

-Миёни писарам ва ҳамсоя ҳамон рӯз чӣ шуду чӣ монд, аниқ гуфта наметавонам, вале пештар дар байнашон ягон хусумату нофаҳмӣ набуд. Дар маъракаҳоямон ҳамсоя содиқона хизмат мекард, бе тӯю сур ҳам аз аҳволи ҳамдигар бохабар шуда меистодем. Умуман, муносибату муомилаамон хуб буд.

-Пас, чаро ҳамсоябача қасди ҷони писари шумо кард? Магар бемории руҳӣ дорад?

-Бемории руҳӣ надорад, вале пештар суд шуда буд. Мо гумон мекардем, ки маҳбас барояш сабақ гашта, дар пушти панҷара одам шудааст, вале…

-Қотили писаратон пештар ҳам ошпаз буд?

-Не, пештар дар маршруткаи 39 ронанда буд. Ҳамагӣ 15-20 рӯз пеш аз ин ҳодисаи хунин корашро партофта ба назди писарам ба кор гузашт. Писаракам нафаҳмида Азроилро ба худ шогирд гирифта будааст ва ин Азроили худӣ ба ӯ заррае раҳм накарда, ҷони ҷавонашро ситонд. Боварии кас намеояд, ки бачаи тип тузук (сиҳату солим) якбора даст ба одамкушӣ занад. Бачаи беақл, на ҳаёту ҷавонии худашро фикр карду на пирии маро, на фарзандони худашрою на 4 набераи маро, писари маро, ки дӯст ва устодаш буд, кушта дар ҷигари аҳли оилаи мо доғи абадӣ ниҳоду худаш дар кунҷи зиндон манзил гирифт. Худо чунин рӯзи сахтро ба душмани кас нишон надиҳад!

Писаратон кай боз ошпаз? Ба ғайр аз ошпазӣ шуғли дигаре ҳам доштанд?

-Ошпазӣ аз хурдӣ шуғл не, балки касби писарам буд. Аввалҳо ман ошпаз будам, писарам ба модар пайравӣ карда, ин ҳунарро омӯхт ва чунон ошпази моҳир шуд, ки  натанҳо аз ноҳияи худамон, балки аз дигар ноҳияҳо ҳам ба суроғаш омада, ӯро ба тӯю маъракаҳо ошпазӣ мебурданд. Бачаи баинсоф буд, ҳеҷ гоҳ барои хизматаш маблағи калон талаб намекард. Аз одамони камбизоат умуман пул намегирифт. Дар ҷанозааш чунон одами бисёре омад, ки сӯзанро партоӣ ба замин намерасид. Аксарияташон онҳое буданд, ки писарам хизматашонро карда буд. Ройгон-ройгон хизмат карда дӯстони зиёде ҷамъ карда буд писаракам, дӯстонаш аз марги бемаҳал ва фоҷиавиаш ғамгин гаштанд.

-Фарзандони писаратон баркамоланд? Бори зиндагиатонро кӣ мекашад?

-Писари калонияш ба 22 қадам гузошт. Ният доштем, ки то охири сол сарашро ҷуфт намуда, арӯс фарорем, вале аз дасти келин як коса об хӯрдан дар насиби писаракам набудааст…

Холаи Санъатой инони ихтиёр аз даст дода боз ба вобаламгӯӣ даромад. Модари зор “Номи хушатба очат садқа Абдураҳмонҷонам, ин фарзандакони аз ҳамдигар дилкаштаратро ба кӣ партофта рафтӣ?! Ту барои ману падари маъюбат (пойи падараш шикаста будааст) асои пирӣ будӣ, акнун кӣ моро такягоҳу пушту паноҳ мешавад? Писар тобути  падару модарро мебардорад, наход падару модари пир зиндаю писари навҷавон зери хоки хунук равад, худоҷон? Абдураҳмонҷон, аз 40 гузашта як бор гапи сахт назадӣ, ки диламон хунук шавад, бачаи беозорам, кадом як аламатро гуфта нола кунам…” гӯён, рӯю мӯяшро меканд…

Дигар бо саволҳои худ ба захмҳои дили хунчакони ин модари ҷигарсӯхта намак пошидан нахоста мо суҳбатамонро бо дигар пайвандони марҳум идома додем.

Марҳамат-хоҷибибӣ,  модарарӯси марҳум:

Абдураҳмон домод не, писарам буд!

-Одатан домодҳо сояи хушдоманро аз девор метарошанд, вале Абдураҳмонҷон барои ман домод не, мисли писарам буд. Мудом мегуфтам, ки ман сето не, чор писар дорам ва писари меҳрубонтаринам Абдураҳмонҷон аст. Дар иду айём аз бачаҳои худам пештар ба табрики ман меомад ва бо лабони пурханда “Буваҷон, агар бо ман наравед, хафа мешавам” гӯён, ба ҷону ҳолам намонда маро маҷбуран ба хонааш меовард. Дар тӯли 20 соли хонадориашон ягон бор на ба ман ва на ба ҳамсараш ягон гапи талх нагуфтааст, ки диламон озор ёбад. Фарзандонашон баркамол бошанд ҳам, зану шавҳар мисли домоду арӯси бачилла бо ҳамдигар меҳрубон буданд. Ду кабӯтари ошиқ барин, ҳамеша луқмаи хӯрокро ба даҳони ҳамдигар мегузоштанд. Хушбахтии духтарамро дида қабат-қабат гӯшт мегирифтам, вале ба бахташон газанд расид. Газанде гашт, ки дилу ҷигари ҳамаи моро обу адо кард…

Абдуманнон, писари марҳум:

Ману падарам ҷӯра будем

-Падарҷони ман мисли дигар падарҳо ба сари фарзандонаш даст намебардошт, моро дашному ҳақорат намекард, гапҳои сахт намезад. Ҳамсинфонам муносибати моро дида ҳавас мекарданд, чунки ману падарам мисли ҷӯраҳои ҷонӣ будем. Моро сарзаниш карданӣ шаванд ҳам, овоз баланд намекарданд. Оромона “ҷанг” карда, хатоямонро мефаҳмонданд. Барои васеъ шудани донишу ҷаҳонбинии мо чизеро дареғ намедоштанд. Пас аз дарсҳо ба забономӯзӣ ва дарсу машғулиятҳои гуногун мерафтем. Падарам ягон бор ғурбат накардаанд, ки ман барои хондани шумо пули калон сарф мекунам. Падарам набошанд, хона мисли гӯр дар назарамон торик метофт, ҳамин, ки омаданд, манзиламон боз дурахшон гашта, садои қаҳқаҳаи ханда ва ҳазлу шӯхиамон баланд мешуд.  Аз даст додани падар барои ҳамаамон душвор аст, вале хоҳарчаам Гулбаҳор бештар азоб мекашад, чунки вай ҳеҷ гоҳ бе падарам хӯрок намехӯрд. Дадаам, ки аз дар даромаданд, бод барин ба сӯяшон давида худро ба оғӯши дадаҷонам меандохт. Аз рӯзе, ки ин ҳодиса рӯй додааст, кӯдаки бечора аз хӯрду хоб монда, сарашро аз замин намебардорад…

Гулбаҳор: Дадаҷонама ёд кардам!

Гулбаҳор, фарзанди кенҷагии Абдураҳмон дар кунҷи ҳавлӣ бо чеҳраи ғамбор нишаста гоҳ-гоҳ сарашро боло намуда ба мо менигарист. Духтарча бо бародараш суҳбат кардани маро дида, маъюсона ба наздамон омад ва зери лаб пичиррос зад:

-Ман дадаҷонама ёд кардам! Акнун ҳамаи дугонаҳоям дада доранду ман не! Шабҳо сурати дадаҷонама гирифта гиря мекунам. Пештар аз кор омадани дадаҷонама бесаброна интизор мешудам, то ки якҷоя хӯрок хӯрем. Дадаҷонам дигар нестанд, барои ҳамин аз гулӯям ягон чиз намегузарад. Ҳар рӯз бо умед то  торик шудани ҳаво роҳашонро мепоям, вале ҳеҷ нест, ки дадаҷонам аз дар дарояд.  Дадаҷонамро сахти сахт пазмон шудаам. Касе, ки дадаҷони маро кушта бошад, ёфта диҳад…

Духтарча дастаконашро сӯйи осмон бардошта худоро зорӣ мекард, ки падарашро дубора зинда  гардонад. Зориҳои ин духтараки бегуноҳ, ки ба муъҷиза умед дорад, дили касро об мекард. Мо бо дили ҳазин дар таҳаммули ин фоҷиа ба аҳли оилаи марҳум аз даргоҳи худованд сабри ҷамил хоста, роҳ ҷониби шаҳри Хуҷанд пеш гирифтем…

                                                                           Фарзона Муродӣ

Хуҷанд-Ғафуров-Хуҷанд

 

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *