Куҳансолон муҳоҷиронро ба ватан мехонанд

Дар пасманзари буҳрони давомдори иқтисодӣ дар Туркманистон, шумори ҳарчи бештари туркманистониҳо барои пайдо кардани кор ба хориҷ мераванд. Ба ин далел, дар бархе аз минтақаҳои Туркманистон мақомот барои баргардонидани муҳоҷирон аз хориҷ аз кумаки куҳансолон истифода мекунанд.

Дар чанде аз ноҳияҳои ин кишвар куҳансолон бо ваъдаҳои зиёд муҳоҷиронро ба ватан мехонанд.

Мақомот ба куҳансолон талқин мекунанд, ба муҳоҷирон бигӯянд, «ба ватан баргардед, ҷойҳои нави корӣ таъсис мешавад, мушкили бекорӣ рафъ мегардад, замин тақсим карда мешавад». Онҳо ҳамчунин аз муҳоҷирон мехоҳанд, зидди давлат ва президент ҳарфи бад нагӯянд.

Куҳансолоне, ки ин дархости мақомотро иҷро намекунанд, аз сафи куҳансолони мардумӣ хориҷ карда мешаванд.

Давоми ду соли охир мақомоти Туркманистон талош доранд, муҳоҷиронро ба ватан баргардонанд. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ба ваъдаи мақомот бовар надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *