“Тоҷиксуғурта” ба суғуртаи ихтиёрӣ хоҳад гузашт

Дар ин бобат 20 июл зимни нишасти матбуотии КВД “Тоҷиксуғурта”директори ин ниҳоди давлатии суғурта Аловиддин Сатторӣ сухан гуфт. “Талаботи замон аст, ки  суғурта набояд монополияи давлатӣ бошад. Дар ин замина пешниҳод кардаем, ки корхона Ҷамъияти саҳҳомии кушода шавад”,- иброз намуд А. Сатторӣ ва афзуд:

— Алҳол КВД“Тоҷиксуғурта” аз рӯйи 22 намуди суғурта ба ҳолӣ хизмат  мерасонад, ки аз ин 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошанд. Дар нимсолаи аввали соли равон корхона бо 380 ҳазору 604 шахси воқеию ҳуқуқӣ шартномаи суғурта бастааст, ки 353 ҳазору 210 ададаш шартномаи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.

Мувофиқи маълумотҳо дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба ҷои 14 миллиону 328 ҳазор сомонии ба нақша гирифташуда 15 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид, ки ба 111% нақша баробар аст.

Айни ҳол корхона вазифаҳоро барои нимсолаи дуюми соли 2018 муайян намуда, воридшавии ҳаққи суғуртавиро оид ба ҳамаи намудҳои суғурта дар ҳаҷми 16 миллиону 158 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла оид ба шаклҳои ҳатмии суғурта 6 миллиону 398 ҳазор сомонӣ ва оид ба шаклҳои ихтиёрии суғурта 9 миллиону 760 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *