Кудаккушро табобат мекунанд

Суди  шаҳри Москва қарор кардааст, ки Гулчеҳра Бобоқулова, дояи узбеки муттаҳам дар куштори кӯдаки чаҳорсола, иҷборан табобат шавад. Қаблан дар натиҷаи ташхиси руҳӣ муайян шуда буд, ки Бобоқулова аз бемории равонии музмин ранҷ мебарад. Гулчеҳра Бобоқулова 29 феврал дар назди метрои «Майдони Октябр» боздошт шуд. Вай дар даст сари буридаи кӯдакеро дошт. Баъдтар маълум шуд, ки ин зан дояи духтарчаи чаҳорсола будааст. Бино бар иттилои тафтишот, доя интизор шудааст, ки волидони кӯдак аз хона бароянд ва баъдан сари кӯдакро бурида, хонаро оташ задааст. Бобоқулова ба гуноҳи хеш иқрор карда, гуфт, бо ин кораш аз Владимир Путин, президенти Русия барои бомбаборони Сурия қасос гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *