Доваркушӣ

даҳшат дар футбол

  Варзишро, ки омили тандурустии инсон хондаем, ба ҷону тани варзишгар  хатар ҳам дорад. Бахусус намудҳои муҳорибавии варзиши шарқӣ, ки дар замони муосир пайравону мухлисони зиёде пайдо кардааст. Варзишгарони муҳорибаҳои омехта ҳамдигарро чунон лату кӯб мекунанд, ки аз сару рӯяшон хун мешуморад, агар ба рақиб тан надиҳанд, ё нафасгир мешаванд, ё дасту пояшон маъюб шуданаш мумкин.

Ҳодисаҳои фавти варзишгарон ҳангоми мусобиқаҳо низ ба қайд гирифта шудаанд. Масалан, дар футбол, ки  се-чор соли охир футболбозон даст ба  доваркушӣ задаанд.

Ба ҳуш наомада мурд…

Дар футболи имрӯза ҷангҷӯёни асосӣ  бозигароне ба шумор мераванд, ки наврас ҳастанд. Дар ИМА чанд сол пеш футболбози 17-солае, ки номашро ифшо накардаанд, ба рӯйи довари 46-сола Рикардо Портилйо чанд зарбаи сахт зад. Дар натиҷа довар дигар ба худ наомад ва дар беморхона даргузашт.

 «Ӯ ногоҳ аз ким-куҷое пайдо шуда, ба падарам дарафтод, — нақл кард духтари довар Ҷоанна. – Агар вай як умр дар кунҷи зиндон пӯсад ҳам, падарҷонам дигар зинда намешавад».

Қассоси наврасон

Соли 2012. Вохӯрии дастаҳои «Бюйтен Бойз»  ва «Нойв Слотен» дар чемпионати Ҳолландия оид ба футболи наврасон. Аз қарори Ричард Новейхузени 41-сола, ки  ҳар ҳафта дар мусобиқаҳои маҳаллӣ довари паҳлуӣ шуда хизмат мерасонд, бозигарони норизои дастаи меҳмонон ӯро таги мушту лагад гирифтанд. Довар мегурехту бозигарони бағазбомада ӯро дастгир намуда, боз бераҳмона мезаданд. Ричард Новейхузен ба беморхона афтиду аз дасти духтурон ҳеҷ коре наомад, довар аз ҷароҳатҳояш ҷон бохт. Полис ҳамон рӯз 3 тан навраси 16-соларо боздошт кард. Онҳо аз даста ронда шуда, худи бошгоҳ аз мусобиқа маҳрум карда шуд. Бадбахтӣ дар он аст, ки ин ҳодиса дар пеши назари писари довар, ки иштирокчии вохӯрӣ буд, сурат гирифт.

Доваркуш дар кофтукови полис

Бозигари дастаи ҳаваскорони футбол дар Мексика ҳангоми бозӣ бо сараш ба рӯйи довари мусобиқа зарбаи марговар зад.

Лента.ру иттилоъ додааст, ки бадбахтӣ дар вақти вохӯрии ду дастаи ҳаваскор дар шаҳри Тулани Мексика 6 ноябри соли 2016  рух додаст. Футболбоз Рубен Ривера Васкес бо зарбаи сараш довари 59-сола Виктор Трехоро зада куштааст.

Васкес барои дағалмуомилагӣ аз ҷониби довар корти сурх муҷозот гирифт. Баъд аз ин ӯ давида, бо сараш сахт ба рӯйи довар зад. Довар аз таъсири зарба дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Футболбоз аз варзишгоҳ фирор кардаю дар кофтукови пулис қарор дорад.

Ҷо ба ҷо парронд

Як сол пеш аз ин дар шаҳри Кордоваи Испания довари 48-сола Сесар Флорес бозигареро корти сурх нишон дод. Футболбоз бечунучаро  ба қароргоҳ рафта, аз он ҷо бо таппонча баргашт ва се бор ба сӯйи довар тир андохт. Тирҳо ба гардан, сар ва синаи Флорес расида, ӯ аз ҷароҳатҳо дар ҷойи ҳодиса тарки  дунё намуд.

Сюжет барои филмҳои даҳшат

Ин ҳодисаи гӯштқимакунӣ аз рӯйи ваҳшонияташ дар Бразилия барои сюжети филмҳои даҳшатангез меарзад.

Ҳамааш аз он сар зад, ки дар вақти  бозии дастаҳои ҳаваскори штати Маранхао футболбоз Хосемир Сантос Абреу  доварро ҳақорат карда, пас аз ин ӯро муштборон кард. Довари 20-сола Отавио Джордао да Силва барои ҳимояи худ корд бароварда, онро ба тани варзишгар халонд. Бозигар аз хунравии зиёд дар роҳ ба беморхона ҷон дод.

Аммо ҳодиса аз ин ҳам даҳшатангез анҷомид. Дӯстон ва ҳамдастаҳои Абреу ба довари ҷавон дарафтода, ӯро бастанд ва то мурданаш сангборон карданд. Баъди ин  доварро чор пора карда, сарашро ба ходае шинонда, онро дар миёни майдон рост карданд.

15 сол маҳбасӣ шуд

Ҷинояти футболбоз  Бассел Саад   моҳи  июни соли  2014 дар шаҳри  Ливонияи Амрико боиси тааҷҷубу таассуф аст. Вай ҳарифашро таҳқир карда буд, ки довари бозӣ Ҷони Беневич хост ӯро бо корти дуюми зард муҷозот намояд. Бассел Саад пеши нияти доварро гирифтанӣ шуда, бо зарбаи сахт ба гардан доварро зада афтонд. Ду рӯз пас Ҷони Беневичи 44-сола дар беморхона фавтид. Саад бошад, 15 сол маҳбасӣ шуд.

Эмом НАЗАРОВ,

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *