«Куктош» барои «Истиқлол» пирӯзӣ муҳайё кард
Бозиҳои даври чоруми Лигаи олӣ дар Чемпионати Тоҷикистон-2018 шоми 4 апрел бо рақобати дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош» оғоз гардид.
Вохӯрии мазкур, ки шомҳангом дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат гирифт, бо бартарии пурраи чемпиони шашкаратаи кишвар бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расид. Дар ин комёбӣ худи меҳмонон бештар «саҳм» гузоштанд. Дар дақиқаи 18-уми қисми якум футболбози «Куктош» Фахриддин Сафарзода ба хатогӣ роҳ дода, тӯбро ба дарвозаи дастаи худ автогол кард. Аз ин амал ҳамдастаҳои ӯ ошуфта гардида, бештар ба ҳимоя гузаштанд.
Камтаҷрибагии ин дебютанти Лигаи олӣ дар тамоми майдон мушоҳида мешуд. Дақиқи 26-ум дарвозабони меҳмонон тӯбро ба ҳамдастааш партофтанӣ шуда, иштибоҳи дағал намуд. Тӯби задаи ӯро ҳамлагари душанбегиҳо Ромиш Ҷалилов соҳиб гардида, дарвозабонро фиреб дод ва тӯби дуюмро ба ҳадаф расонд. — 2:0.
Дар қисми дуюм ҳар ду даста имкони тағйирдиҳии ҳисобро борҳо аз даст доданд. Бад-ин минвол, «Истиқлол» пирӯзии сеюми худро муяссар гардид ва ба садри ҷавдал баромад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ