«Куктош» барои «Истиқлол» пирӯзӣ муҳайё кард

Бозиҳои даври  чоруми Лигаи олӣ дар Чемпионати Тоҷикистон-2018 шоми 4 апрел бо рақобати дастаҳои «Истиқлол» ва «Куктош» оғоз гардид.

Вохӯрии мазкур, ки шомҳангом дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор  сурат гирифт, бо бартарии пурраи чемпиони шашкаратаи кишвар бо ҳисоби 2:0  ба анҷом расид. Дар ин комёбӣ  худи меҳмонон бештар «саҳм» гузоштанд.  Дар дақиқаи 18-уми қисми якум футболбози «Куктош»  Фахриддин Сафарзода ба хатогӣ роҳ дода, тӯбро ба дарвозаи дастаи худ автогол кард. Аз ин амал ҳамдастаҳои ӯ ошуфта гардида, бештар ба ҳимоя гузаштанд.

Камтаҷрибагии  ин дебютанти Лигаи олӣ дар тамоми майдон мушоҳида мешуд. Дақиқи 26-ум дарвозабони меҳмонон тӯбро ба ҳамдастааш партофтанӣ шуда, иштибоҳи дағал намуд. Тӯби задаи ӯро ҳамлагари душанбегиҳо  Ромиш Ҷалилов соҳиб гардида, дарвозабонро фиреб дод ва тӯби дуюмро ба ҳадаф расонд. — 2:0.

Дар қисми дуюм ҳар ду даста имкони тағйирдиҳии ҳисобро борҳо аз даст доданд. Бад-ин минвол, «Истиқлол» пирӯзии сеюми худро муяссар гардид ва  ба садри ҷавдал баромад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *