Қазоқистон ба Тоҷикистон 10 вагон кӯмак кард (аудио)

Ҳукумати Қазоқистон ба Тоҷикистон 10 вагони истиқоматӣ кӯмак кард. Аммо ҷониби Тоҷикистон тасмим дорад, ки ин кӯмаки башардӯстонаро ба шаҳрвандони эҳтиёҷманди Афғонистон, ки ҳамчун гуреза дар кишвар зиндагӣ мекунанд, супорад. Ин вагонҳо, ки ҳар кадоме аз 8 ҷойи хоб иборатанд, имрӯз, 6-уми май расман аз ҷониби Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханулы ба муовини директори Агентии захираҳои давлатии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев супорида шуд.

“Қазоқистон пайваста ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстонаи худро мерасонад. Ин навбат 10 вагон барои истиқоматии муваққатӣ расид. Ҳар кадоме аз 8 ҷойи хоб иборат аст. Аз ин ҳамкорӣ ва дастгирии ҷониби Қазоқистон сипосгузорем. Дар назар дорем, ки вагонҳоро барои иқомат ба шаҳрвандони гурезаи Афғонистон, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳастанд, расонем”,- изҳор дошт Соҳибҷон Зиёдуллоев.

Дар навтати худ Валихан Туреханов ҳамкориҳои Тоҷикистон бо  Қазоқистонро дар ҳама самтҳо хуб арзёбӣ карда, изҳори умед намуд, ки минбаъд ҳам вусъат хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *