Кумаки ҶҲАТ ба 83 оилаи зарардида дар Панҷакент

17 июли соли равон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба 83 оила дар шаҳри Панҷакент, ки бар асари офати табиӣ-обхезӣ зарар дида буданд, кумак расонид. Кумакҳои мазкур аз кампал, болишт, рахти хоб, асбобҳои сохтмонӣ, бел, каланд, бастаи гигиенӣ, маводҳои ошхона ва  хӯрока иборат мебошанд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон яке аз созмонҳои башардӯстона дар кишвар буда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба мардуми ниёзманд кумак мерасонад. Ҳамин гуна кумакҳои ҶҲАТ бо дастгирии Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт 22 апрели соли 2017 ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ оғоз гардида буд. Кўмакҳои мазкур маводи озуқаворӣ ва ғайриозуқавориро дарбар гирифта, ба 900 оилаи ВМКБ, ки 7 декабри соли 2015 дар натиҷаи заминҷунбӣ зарар дида буданд, пешбинӣ гардида буд. Тақсимоти ин кумакҳо ба ин оилаҳо аз се марҳила иборат буда, марҳилаи ниҳоии он 20 майи соли 2017 ба анҷом расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2016 то имрӯз кумакҳои аз шарикони рушд дар соҳаи дастгирии оилаҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ҷалбнамудаи  ҶҲАТ зиёда аз  5 426 846   сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *