Шавҳарам писарамро кушт!

Салом хонандагони сомонаи дӯстдоштаам “tajikistantimes.tj”. Ман як зани дар дуроҳаи зиндагӣ зору ҳайронмонда ягон маслиҳатгар наёфта, қарор додам, ки ба газета муроҷиат карда маслиҳат бипурсам.
Оиладор ва модари ду фарзандам. Фарзанди калониам сесолаву хурдӣ яксола аст. Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шудаем. Ҷовидон пеш аз хонадоршавӣ чунон ба ман меҳру муҳаббат дошт, ки одами дидагӣ гумон мекард Маҷнуни ҳақиқӣ аст. Намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки баъди тӯй Маҷнуни сонӣ пӯстинашро чаппа пӯшид. Тӯли чор соли хонадорӣ аз дасти марди дӯстдоштаам чунон ранҷу азобҳое кашидаам, ки ҳисоб надорад. Шавҳарам қариб ҳар рӯз бо ягон баҳона маро зери мушту лагад гирифта, чунон бераҳмона мезанад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонад. Се бор дастамро зада шикаст. Падари фарзандонам аз зумраи мардони кӯчахандони хонагирён аст. Вай бо бегонаҳо чунон меҳрубонона рафтор мекунад, ки одами дидагӣ ин мардак фаришта будааст гӯён, ҳавас мебарад, вале ҳамин, ки аз дари хона даромад, гӯё бало ҳамроҳаш медаромада бошад, якбора ба деви сиёҳ табдил ёфта, маро футбол мекунад. Дар батнам тифли чормоҳа доштам. Ба ҳомиладор буданам нигоҳ накарда, шавҳарам мисли қассобе, ки гӯшти говро бо табар майда-майда мекунад, тамоми аъзои баданамро зада маъюб карду кӯдак дар шикамам мурд. Духтурҳо бо талошҳои зиёд ҷони маро аз панҷаи аҷал раҳо намуданд. Ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастам ва дар байни дуроҳаи зиндагӣ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Дигар ҳатто рӯйи шавҳари золимамро дидан намехоҳам, вале тақдири ду фарзандам маро ба андеша мебарад, ки агар аз падари кӯдаконам ҷудо шавам, ҳоли ин ду тифлаки бегуноҳ чӣ мешуда бошад. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам, хотири ду фарзандам боз ба ҳамон ғурбатхона баргашта, худамро боз ба азоби дӯзах гирифтор созам ё аз баҳри ин марди бадрашк гузашта, минбаъд аробаи зиндагиамро дар танҳоӣ кашам. Нав ба 23 қадам мондам, вале аз зиндагии пур аз ранҷу азоб чунон безор шудаам, ки маргро аз чунин ҳаёти сагона авлотар мешуморам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман ягон роҳи дурустро нишон диҳед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *