Кумаки молии ИМА кам мешавад
Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп тасмим дорад, ба таври назаррас кумаки молиро ба кишварҳои дигар коҳиш диҳад. Пулҳои сарфашуда ба ниёзҳои Вазорати дифои Амрико равона мешаванд.
Сардори идораи будҷаи Кохи сафед Мик Малвэни гуфт, ҷузъиёти дақиқи коҳиши будҷа 16 март ироа хоҳад шуд.
Будҷаи Пентагон беш аз 600 миллиард доллар аст. Маъмурияти Кохи сафед тасмим дорад, аз Конгресс дархост кунад, то хароҷоти низомиро 50 миллиард доллар афзоиш диҳад. Президент Трамп моҳи феврал гуфт, мехоҳад артиши Амрикоро тақвият дода, замонавӣ гардонад. Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи яке аз бузургтарин афзоишҳои иқтидори низомӣ дар таърихи Иёлоти Муттаҳида меравад.
Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) — як бахши Департаменти давлатӣ, ки масъули кумаки молӣ ба кишварҳои хориҷ аст, солона беш аз 50 миллиард доллар харҷ дорад. Ин пулҳо асосан ба дастгирии соҳаҳои савдо, кишоварзӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, кумаки фаврии башардӯстона, мусоидат ба ҳалли низоъ ва ҳимоят аз демократия дар кишварҳои фақир сарф мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ