Кумаки навбатии башардӯстона ба мардуми Покистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон

1-уми декабр бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обхезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мураккаби эпидемологӣ ва афзоиши хурӯҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармоиши Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда қабул гардида, дар асоси он ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шудааст.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли равон низ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона шифер, дар маҷмуъ беш аз 3000 тонна ба маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *