Таъбир: Дигар тухмро фақат дар хоб мебинед!

Субҳ аз хоб бархостаму дасту рўямро шуста, сари дастархон нишастам ва хамёзакунон ба занак гуфтам:

Занак! Ман дирўз гуфтугўи Мокиёну Хурӯси ҳамсояро шунидам.

— Ваҳ-ваҳ, қурбони мардаки забондонам шавам,- гуфт занак.- 30 сол боз шумо забони маро намефаҳмеду забони Мокиёну Хурўсро чӣ хел фаҳмидед!?

— Шўхӣ накун,- гуфтам қошу қавоқамро гиронда.

Ў дид, ки ман қаҳр мекунам, шўхиро бас карда, гуфт:

— Хайр, мардакҷон, канӣ гап занед, мурғи ҳамсоя ба Хурўс чӣ гуфт?

Бо шеър ҷавоб додам:

Субҳдам бо хурӯс мурғе гуфт:

“Ҳар кӣ тухми маро хӯрад, мард аст”.

Ман мардакам ку. Канӣ як тухм биёр!

Гуфт:

— Имрўз дар субҳонаатон тухм нест.

— Чаро нест? Чаро тухм напухтӣ?,- пурсидам аз ў.

Гуфт:

— Хурўс қаҳр кардааст, Мокиён дигар тухм намекунад.

Аз ҷавобаш чизе нафаҳмида, ҳайрон ба сўяш бо назари тааҷҷуб нигаристам. Ў ҳам дигар чизе нагуфта, газетаи “Тоҷикистон”-ро наздам монда, саҳифаеро кушоду матлаберо нишон дод, ки чунин ном дошт: “Нози Мокиён ва қаҳри Хурӯс. Дар миёна тухм ҳайрон аст”.

Дигар хўрдани субҳонаро низ фаромўш карда, ба хондани матлаб оғоз намудам ва дарёфтам, ки Фазлиддин Асозодаро боз ҷинҳо лагад задаанду хобҳои даҳшатнок дидааст. Албатта, дар ин шабу саҳар, ки нархи тухм якбора гарон шуд, дидани чунин хобҳо фоли нек аст. Чунки агар вазъ чунин идома ёбад, оянда тухмро фақат дар хоб мебинем. Дар хоб дидани тухм, харидани он ва хўрданаш фоида дораду зиён не. Зеро, агар ин кор дар бедорӣ сурат гирад, шумо хароҷот мекунед, дар хоб донаи тухмро 10 сомонӣ ҳам харидорӣ кунед, пули кисаатон кам намешавад.

Худи ҳамон рўз нисфирўзӣ бо устоди яке аз донишгоҳҳо якҷоя барои хўрдани оши 1 ба 1 ба тарабхона рафтем. Ҷое, ки мо мерафтем, ба ғайр аз гўшт дар болои ош боз дудонагӣ тухми хурд ҳам мемонданд. Пешхизмат омад. Устод ба ў гуфт:

— Оши маро имрўз бе тухм биёр!

Вақте сабаб пурсидам, маълум шуд, ки ба болои гароншавии нархи тухм, маоши он устоди бечораро дар донишгоҳ 30 фоиз кам кардаанд. Акнун ў алами маошро аз тухм мегирифт. Оши бетухм 8 сомонӣ арзонтар будааст. Зеро, вақте тухми 2-сомонӣ дар об меҷўшидааст, арзиши он як баробар боло мерафтааст. Устод бо ин роҳ минбаъд ҳар рўз 8 сомонӣ сарфа мекунад, ки дар як моҳ бештар аз 200 сомонӣ мешавад.

Ана дидед, гароншавии нархи тухм ҳатто дар бедорӣ ҳам ба манфиати ҷайби мост. Дигар тухм намехўрем, тамом.

Лекин, оғои Фазлиддин, аз хоби шумову аз қаҳри Хурўс ва нози Мокиён ман як “секрет”-и навро кушодам. Сабаби қаҳри Хурўс нози Мокиён нест. Хурўс аз рашк қаҳр карда истодааст ва ҳақ ҳам дорад. Зеро мурғбонҳои тоҷик корҳое карда истодаанд, ки дигар мурғҳо бе ҳамхобагӣ бо Хурўс ҳам тухм карда истодаанд. Нози Мокиён ҳам аз ҳамин ҳисоб аст, ки мегўяд:

— Дигар мо ба шумо эҳтиёҷ надорем!

Он мурғи дар хоб дидаи шумо мурғи солҳои қадим будааст, ки ба Хурўс “балот задаст, ки субҳи саҳар маро аз хоб бедор кунӣ, то аз пайи пушт пур кардан шавам?!” гуфта, шикоят кардааст. Мурғҳои муосири мо бе Хурўс ҳам тухм мекунанд. Мисли бордоркунии сунъӣ.

Барои ҳамин ҳам, худро бо дидани ҳар гуна хобҳо безобита накунед. Дигар, ба гуфти раҳматии Аловиддин Абдуллоев, ҳамаи хурӯсҳо “ҷентелмен” шаванд ҳам, мурғҳо парвое надоранд.

Қаҳри Хурўс ва нози Мокиён аз он аст, ки кишоварзҳо дигар пушти мокиёнҳоро бо дору пур карда истодаанд ва яке аз таъбирҳои хоби шумо ва сабаби гароншавии нархи тухм ҳам дар ҳамин аст. Тухм арзон буд, барои он, ки хурӯсҳо мокиёнҳоро бепул бағал ва пушташонро пур мекарданд. Ҳозир бошад, мурғбонҳо аз аптека доруҳои гаронро харида медиҳанду аз мокиёнҳо тухм ва аз тухмҳо мокиёну хурўс мегиранд. Пас чаро нархи тухм ба нархи мурғ баробар нашавад?

Барои ҳамин, таъбирҳо чунинанд:

Якум. Чи тавре, ки дар боло гуфтам, дигар шумо тухмро фақат дар хобатон мебинед.

Дуюм. Хурўсҳо ҳам бағал кардани мокиёнҳоро дар хобашон мебинанд. Мурғбонҳо аз ин сўйистифода карда, беинсофтар мешаванду доруро бештар дода, тухмҳоро гаронтар ба фурўш мебароранд. Савдогарон аз онҳо гаронтар харида, боз ҳам гаронтар ба ману шумо мефурўшанд. Яъне нарх боз ҳам болотар меравад.

Сеюм. Оҳиста-оҳиста Хурўс аз ҷомеаи мокиёнҳо қаҳр карда меравад ва мо фақат тухмҳои инкубаториро мебинем. Онро ҳам аҳён-аҳён.

Чорум. Шуморо на садои хурўс, балки овози нофорами занги соат бедор кард. Ин маънои онро дорад, ки минбаъд ба ҷои садои хушоянди Хурўс дар деҳаҳо субҳи барвақт қар-қари зоғро мешунавем.

Ъу-ъу-ъу-ъу! Ъу-ъу-ъу-ъу… Аз хоб бедор шавед, устод Фазлиддин!

Таъбиргў: Холиқназар ҶУМЪАЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *