Кумаки раиси Бохтар ба хонаводаи Баҳодур Уроқов
Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар Давлатзода Наҷмиддин ба аёдати хонаводаи шодравон Баҳодур Уроқов — журналисти муваффақ рафта, кумаки яквақтинаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддинро расонидааст.
Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Бохтар, Давлатзода Наҷмиддин бо оила ва фарзандони марҳум суҳбат ороста, аз фаъолият ва хидматҳои ин журналисти комёб ёдовар шуда, дар ҳақи марҳум даст ба дуо бардоштаанд.
Бояд гуфт, ки шодравон Баҳодур Уроқов аз ҷумлаи журналистони муваффақи вилояти Хатлон буда, бо таҳияи матлабҳои хуби журналистӣ дар рушди соҳаҳо саҳми худро гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ